ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Манбаҳои дигари энергетика

 

Дар саноати энергетикаи Тоҷикистон ғайр аз захираҳои гидроэнергетикӣ , имконияти манбаҳои дигари энергетикӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла, нерӯи офтоб, шамол, биогаз.

Энергияи офтоб

Тоҷикистон пурра дар минтақаи офтобӣ ҷой гирифта барои истифодаи энергияи офтобӣ имконияти фарох дорад. Дурахши солонаи офтоб аз 2100 то 3170 соат буда, зичии дурахши офтоб то 1 КВт/м2 ва зиёда мебошад.

Тавассути фотоэлементҳо нури офтоб ба нерӯи барқ табдил меёбад. Айни замон арзиши таҷҳизоти фотоэлектрикӣ гарон аст - 5 ҳазор доллар /КВт. Арзиши коркарди электроэнергия - 0,2 US$ - 0,4 US$ барои 1 КВт.соат.

Ҳарчанд то 20 % талаботи нерӯи барқро тавассути нури офтоб метавон қонеъ намуд, вале ба иллати гарон будани технологияи фотоэлементҳо аз ин имконият баҳравар намешаванд.

Энергияи шамол

Солона ба ҳисоби миёна суръати вазиши бод аз 0,8 до 6,0 м/сония мебошад.

Хоса, дар навоҳии баландкӯҳ (пиряхи Федченко, ағбаи Анзоб) ва ҳамчунин дар манотиқи ҳамвори (Хуҷанд, Файзобод). Сураъти миёнаи шамол дар ин ноҳияҳо 5 - 6 м/сония ва дар водиҳо 3 - 4 м/сонияро ташкил медиҳад.

Шамол бештар зимистон мевазад.

Истифодаи шамол чун манбаи неруи барқ дар баъзе аз манотиқи сершамол –Хуҷанд, Қайроққум, Файзобод, ағбаи Хобуробод, Шаҳристон, Анзоб ки вазиши бод дар як сония 5-6 метрро ташкил медиҳад, дар оянда қобили қабул аст. Таҷҳизоти истифодаи шамол барои истеҳсоли барқ, обкашӣ ва кӯфтани ғалла ба андозаи 250-750 КВт. баробар аст. Арзиши барқ вобаста суръати шамол аз 0,03 US$ (10 м/с) - 0,12 US$ (5 м/с) барои 1 КВт.соатро ташкил медиҳад.

Чунин барқи бодӣ дар минтақаҳои алоҳида истифода шуда метавонад.

Биогаз

Ахлоти ҳайвонот, ҳезуми дарахтони хушкида ҳамчун манбаи иловагии энергия истифода шуда метавонад. Дар назди фермаҳои ширию молӣ чунин нуқтаҳоро боз кардан имконпазир аст.

Дар ҷараёни кимиёи биологӣ навъҳои гуногуни сӯзишворӣ мисоли газ, метан, метаноли моеъ, ангиштсанг ба вуҷуд меояд.

Айни замон дар Тоҷикистон истифодаи биогаз аз поруи чорво тариқи таҷрибавӣ ба роҳ монда шуда истодааст.

Биогазогенератор бо ҳаҷми 1-3 м3, ки рӯзе 8 кг пору истифода мебарад , то 2 м3 биогаз истеҳсол мекунад, ки ба тавоноии барқ 300 Вт баробар аст. Арзиши таҷҳизот аз 300 до 600 US$ аст ва дар деҳоти Заргару Симиганҷи ноҳияи Кофарниҳон чанде аз онҳо насб карда шудааст.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter