ДАР ТОҶИКИСТОН РЕҶАИ НЕРӮИ БАРҚ ҶОРӢ ГАРДИД
Душанбе, 28 октябр. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- Аз 26 октябр дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон реҷаи муваққатии истифодаи нерӯи барқ аз соати 22 – 00 шом то соати 5 - 00 субҳ ҷорӣ гардид.
Тавре ки роҳбари хадамоти матбуоти ҶСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ хабар дод, сабаби ин иқдом сард шудани ҳаво ва коҳиш ёфтани маҷрои оби дарёи Вахш дар обанбори Норак мебошад. Маҳдудияти интиқоли барқ ба марказҳои вилоятии кишвар, иншоотҳои ҳаётан муҳим ва шаҳри Душанбе дахл надорад.
«Дар ҳоли ҳозир ҷараёни об ба обанбори Норак дар як сония 342 метри мукаабро ташкил дода, бинобар сард шудани ҳаво талабот ба нерӯи барқ афзудааст. Чунин вазъият энергетикҳоро маҷбур сохт, ки шабона реҷаи маҳдудияти интиқоли барқро ҷорӣ намоянд», зикр намуд манбаъ.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол дар Тоҷикистон реҷаи истифодаи нерӯи барқ дар даҳаи аввали моҳи октябр ҷорӣ карда мешуд, вале имсол энергетикҳои тоҷик реҷаро дар охири моҳи октябр ҷорӣ намуданд. Масалан, соли гузашта реҷаи маҳдудияти интиқоли барқ дар кишвар 7 октябр ҷорӣ гардида ва 5 моҳ - то 7 марти соли 2013 давом кард.