ГУРӮҲИ ТАТБИҚИ ЛОИҲАҲОИ СОХТМОНИ ИНШООТИ ЭНЕРГЕТИКИИ
НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО САРОҶ КУМАР ҶА

 

Душанбе, 19 сентябр (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба коҳиш додани таъсири манфии бӯҳрони иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва ҷараёни ташхиси лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Бонки ҷаҳонӣ барои дастгирии пайваста аз рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон арзи сипос намуда, ҳавасмандии Ҳукумати ҷумҳуриро ба густариши ҳамкорӣ бо ин ниҳоди бонуфузи молиявӣ таъкид дошт.

Сароҷ Кумар Ҷа ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон доир ба имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун иттилоъ дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки ҳисоботи марҳилаи заминавӣ ва якуми ин кор, ки ба ҷанбаҳои техникии лоиҳа дахл доранд, охири моҳи сентябри соли равон нашр мегардад ва моҳи октябр дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди муҳокимаи ошкоро қарор дода мешавад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки имконсанҷии иқтисодию техникии лоиҳаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва баҳодиҳии таъсири иҷтимоию экологии он дар сатҳи боэътимоди байналмилалӣ шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа анҷом дода мешавад.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин оид ба оғози татбиқи лоиҳаи CASA-1000 доир ба кашидани хатти барқии 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон ва дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

Маводи муфассал доир ба ин ва дигар мавзўъҳои фаъолияти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла матн, акс ва навори видеоро метавонед аз сомонаи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «www.president.tj» дастрас намоед.

Видео

Бойгони

Ҳисобкунак

Flag Counter